БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ЯК ВАҶАБ ЗАМИН - КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ҷиҳати  ба  сокинон фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус,  самаранок  истифода  бурдани  заминҳои  наздиҳавлигию  кишоварзӣ   дар  деҳаи Лолазори Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо  усули  «хона  ба хона»  вохӯриҳо баргузор  намуда,   сокинонро таъкид  карданд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар  хонадонашон  риоя намоянд, ҳангоми  зарурати  ба  кӯча  баромадан  ҳатман  ниқоби тиббӣ  дошта  бошанд.  Барои  огоҳ  шудан  ба онҳо варақаҳои  тавсиявӣ ва муроҷиатномаи Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуда, ёдовар  шуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя намуда,  аз  иштирок дар  ҷойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳо  худдорӣ  намоянд.

Ҳамчунин, истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  ду солаи маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста   аз  дастуру  супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста ба вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир  ва ташкили  кишти  такрории зироатҳои  кишоварзӣ  суханронӣ карда,  қайд  намуданд, ки  истифодаи  самараноки  ҳар  як  ваҷаб  замин кафили  зиндагии  осоишта  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg