БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲҲОИ ДЕҲОТ РӮЗ ТО РӮЗ ОБОД ГАРДИДА ИСТОДААНД

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Ташкилотҳои  ибтидоии   ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  сазовор  истиқбол  намудани  ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, корҳои  ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба  роҳ  монда,  барои  боз  ҳам  беҳтар  намудани   симои   деҳот дар  ростои  «Соли  шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ», корҳои  амалиро  ба  роҳ  монда  истодаанд. Бо  иштироки  васеи  сокинони  деҳаи  Олтинсой Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  месозем!»  баргузор  гардида,   роҳҳои  кӯчаҳои  маркази  деҳаро   сангфарш  намуда  истодаанд.

Ин навбат бо   ташаббуси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав  ва  дастгирии  сокинони  деҳа  масофаи  500 метр роҳ  сангфарш  карда  шуд.

Сокинони  иқдом  гирифтанд, ки  бахшида  ба   истиқболи  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамаи  роҳхои  дохили  деҳаро  сангфарш  ва  асфалтпӯш   менамоянд ва ҷашни пурифтихори миллатро бо дастовезҳои назаррас истиқбол хоҳанд гирифт.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg