БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ҲАР ЯК ШАХС ДАР РӮЗИ ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба дарки сокинон расонидани моҳияти хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва истифодаи оқилонаи замин  бо  усули  “хона ба хона”   бо иштироки кормандони  масъули  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон   дар  ноҳияи  Хуросон  дар деҳаи  Ғаллаобод  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъулин вобаста ба истифодаи самараноки ҳар порча замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ барои захираи  фасли зимистон ва пешгирӣ аз хуруҷи мавҷи дуюми бемориии ҳамагири коронавирус андешаронӣ карда, сокинонро ба амалҳои созанда ва риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ даъват карданд. Инчунин, масъулин дар идомаи чорабинӣ ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ, амалҳои  хайру сахо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳовлии мардум ва иштироки фаъолона дар  баргузории маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, раҳнамоӣ намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg