
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон ба кӯчаи Бобо Юнуси Ҷамоати шаҳраки Ховалинг рафта, аз заминҳои наздиҳавлигии 93 нафар бошандагони маҳалла дидан намуданд ва ба онҳо ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидаи чанд ҳосили дилхоҳ суҳбат каруданд. Мушоҳидаҳои онрӯза нишон дод, ки сокинони кӯча бадарки масъала рафта, ҳар порча замини худро хеле самаранок истифода намуда, дар он тамоми маҳсулоти барои зиндагӣ заруриро кишту парвариш намуда истодаанд.
Ҳангоми суҳбат ба соҳибхонаҳо таъкид карда шуд, ки дар истифодаи маҳсулотҳо ба сарфаю сариштакорӣ аҳамияти зарурӣ дода, ба харҷи беҳуда роҳ надиҳанд.