
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории коронавирус бо усули “хона бо хона” бо сокинони деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ суҳбат доир намуда, ба онҳо талаботи мутахассисонро барои пешгирии аз ин бемориро фаҳмониданд.
Ба иштирокдорони суҳбат, ки 76 нафарро ташкил доданд, дар охир тарзи дурусти истифодаи ниқоби муҳофизатӣ фаҳмонида шуд.