ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинони деҳаи Оишабулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Саидмумин Раҳимов баргузор гардид, ки дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тақвияти робита бо маҳал ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва натиҷаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»-ро ба иштирокдорон фаҳмонид. Инчунин, зимни суханронӣ масъулин оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии ВИЧ/СПИД, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳое, ки ба беҳбудии рӯзгори сокинон равона гардидааст, суханронӣ намуданд.