БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯК СОКИНИ БОНАНГУ НОМУСИ ДИЁР АСТ

АНДЕША. Ҳифзи Ватан ва дастовардҳои давлату миллат қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси кишвар аст.  Дар ҳамон ҳолат мо тинҷу осуда зиндагӣ карда метавонем, ки Ватани худ, сарҳади онро аз душманон ҳифз карда тавонем.

Ҳаминро бояд донем, ки Ватани моро ба ғайр аз худи мо касе омада ҳифзу нигаҳбонӣ намекунад.

Миллати тоҷик миллати ватандӯст аст. Фарзандони он чун Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ ва дигарон баҳри ҳифзи Ватан дар набард бо душманон ҷон бохтаанд. Моро мебояд, ки аз амали онҳо ибрат гирем, нишон диҳем, ки давомдиҳандаи кору пайкори онҳоем.

Мисраҳои ҷовидонаи адибонамон:

Ҳама тан ба тан сар ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

                Ва ё:

Пароканда лашкар наояд ба кор.

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор. 

Мебояд шиори мо дар ҳифзи марзу буми Ватан бошад.

Барои ҳифзи марзу буми Ватан мо набояд интизор шавем, ки кай аз комиссариати ҳарбӣ барои ба хизмат сафарбар шудан даъватнома мефиристанд. Нишони ватандорӣ ва ҷавонмардӣ ҳамон аст, ки мо бо ихтиёри худ бе он ки моро даъват кунанд, рафта хизмати Ватан-Модарро сарбаландона адо намоем.

Боиси таассуф аст, ки ҳоло ҳам баъзе ҷавонон (ин қабил ҷавонон бо ном ҷавонанд) аз хизмат ба Ватан сарпечӣ мекунанд. Роҳи гурезро пеш мегиранд. Онҳо фикр намекунанд, ки маънои хизмат ба Ватан - Модар ҳифз намудани бехатарии падару модар ва аҳли оилаи худ аст. Худо накунад, таҳдиде шавад, аҳли оилаи онҳое, ки аз хизмат рӯ метобанд, низ зери хавфу хатар мемонад.

Боиси қаноатмандист, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки аз ноҳияи Ховалинг бо хоҳиши худ  ба хизмати аскарӣ мераванд, зиёд мегардад.

 Аз ҳамаи даъватшавандагони даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз кору амали ҷавононе, ки чун мо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, қарзи шаҳрвандӣ ва фарзандии худро адо менамоянд, ибрат бигиранд, бо амали ватандӯстона номбардори падару модар, хешу табор ва Ватан  гарданд. Нишон диҳанд, ки онҳо наберагони Қаҳрамони халқи тоҷик  Восеи диловар ва аз Восеътанонанд.

Убайдуллоев Сорбон, сарбози Қушунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини маҳаллаи Обшорони Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг      

           

           

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg