БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ СОБИҚАДОРОН ҲАДАФИ ОЛӢ ВА БАРНОМАВИИ ҲХДТ МАҲСУБ МЕЁБАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва иқдоми соҳибкорӣ маҳаллӣ Алиев Баҳодур ба як нафар собиқадори ҳизб кумаки навбатӣ барои харидории маводи доруворӣ ба маблағи 480 сомонӣ расонида шуд.

Ҳасанзода Тағоймурод раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб таъкид намуд, ки дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони ҳизбу меҳнат аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ маҳсуб ёфта, бо дастури Роҳбарияти олиии ҳизб ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи ин қишри ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.

Собиқадори меҳнат аз иқдоми пешгирифтаи ҲХДТ болидаруҳ гардида, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон дуои нек намуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg