ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиавлигӣ ва ёрирасон гузаронида шуда, дар ин росто ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба бемории сироятии коронавирус COVID-19 тақсим карда шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур намояндагони ҳизбӣ доир ба пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус ва нишонаҳои пайдошавии он суҳбат карда, сокинонро таъкид намуданд, ки ягона роҳи наҷот аз ин бемории ҳамагир ин риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ дар рӯзгор ва гигиенаи шахсӣ мебошад.