БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО АЗ ИН ВАБО ҲИФЗ НАМО!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои маркази ноҳия бо усули "рӯ ба рӯ" доир ба масъалаи пешгирӣ  ва паҳншавии вируси КОВИД-19 вохӯрӣ ташкил намуданд.

Зимни суҳбат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иброз доштанд,ки (COVID-19) ҳамчун пандемия дар тамоми сайёра шинохта шудааст, боиси аз байн бурдани ҷони ҳазорҳо инсонҳо дар сайёра гардидааст. Аз ин рӯ, дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида аз ҷониби мутахассисон боиси ҳифзи солимии аҳли ҷомеаи мо хоҳад буд. Қайд намудан бамаврид аст, ки ҳама бояд дар андешаи сиҳатии худ ва таъмини субот бошанд ва набояд мардум ба ҳангомаю овозаҳо дода шаванд. Бовар намудан ба овозаву ҳангомаҳои беасос муҳити носолимеро ба вуҷуд оварда, рӯҳияи инсонро мешиканад. Инсонҳо танҳо дар ҳамбастагӣ ва фазои солим ва бо рӯҳияи қавӣ метавонанд ба ҳар як беморӣ ғолиб бароянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg