БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС РИОЯИ ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОН МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Бо  мақсади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус  масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади фаҳмондани    омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  коронавирус   бо  сокинони  деҳаи  Бешкенти Ҷамоати  деҳоти Истиқлол тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ    миёни   мардум  бо  усули « хона  ба  хона»  корҳои  фаҳмондадиҳиро   ба  роҳ  монданд.

Ҷиҳати  ба  сокинони  деҳот  фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус    ва барои  иҷро ба онҳо  варақаҳои  тавсиявии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуда,  ёдовар  шуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсиро риоя намуда, моҳияти  худдорӣ  кардан аз  иштирок дар  чойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳо  безаруратро    фаҳмониданд. Ҳамчунин,  ба  сокинон   барои самаранок истифода  бурдани  замин, рӯёнидани  ду- се  ҳосил  ва  кишти такориро  фаҳмонида  дода, ба  онҳо  маводҳои  антисептикӣ,  инчунин   156  адад  ниқобҳои  тиббӣ   тақсим  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg