ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо як гурӯҳ волонтёрони ҷавон дар кӯчаву роҳравҳои Ҷамоати шаҳраки Фархор ба сокинон маводҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тақсим намуданд.
Масъулин ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки риояи ҳатмии роҳу усулҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили усулҳои ҳатмии воситаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тарзи истифодаи ниқоб, спрейҳо ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ, риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, маслиҳатҳои муфид доданд.