ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори муваффақ Бояков Сайаълам ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, дар деҳаи Танобчии миёна корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” гузаронида шуда, дар ин амали нек сокинон низ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Дар Аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Маҳмадсаид Раҷабзода иштирок дошта, барои дастгирии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз соҳибкор Бояков Сайаълам ва сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуд.