ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар кӯчаю маҳаллаҳои марказии ноҳия дар асоси дастури мақомотҳои болоии ҳизбӣ Аксияи фарогир бо усули “хона ба хона” доир ба масъалаи пешгирӣ ва паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.
Ба сокинони маҳалла роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доштанро фаҳмонида, барои иҷро варақаҳои тавсиявиро тақсим намуданд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бештар гигиенаи шахсиро риоя намуда, аз иштирок дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.