НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади огоҳ намудани сокинон аз мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар ҳудуди минтақаи манзилии №2-и шаҳр бо усули “хона ба хона” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр оид ба самаранок истифода намудани заминҳои надиҳавлигӣ, вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии бемории сироятии короновирус ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, таъкид карданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси роҳи пешгирӣ аз бемории короновирус мебошад. Аз ин хотир якояки моро зарур аст, ҷиҳати пешгирӣ ва ҳарчи зудтар бартараф намудани ин беморӣ гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ин бемории хатарнок эмин нигоҳ дорем.