БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШАББУСҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ВОБАСТА БА ОБ

АНДЕША. Ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушод» ташкил медиҳад, яке аз дастовардҳои бузурги  давлати миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.

Дар ин давра Тоҷикистони мо дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо намуда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо кишварҳои дунё, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд.

Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолу соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Воқеан имрӯз кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо сарварии Пешвои хеш бо ташаббусҳои оқилонаву одилонааш дар арсаи ҷаҳон ҳамчун як давлати ташаббускор шинохта шудааст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” ин худ нишонаи башардӯстии халқу миллати тоҷик мебошад, дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, боиси хушнудии тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ чандин ташаббусҳои созандаи кишвари мо дар робита бо масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ ва татбиқи тарҳҳои азими минтақавӣ аз ҷониби шарикони байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтаанд.

Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15 нафара, ки ҳама роҳбарони ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмааи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд.

Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллати тоҷик дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва дар таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дар ҳамин робита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори  бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилилӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда, аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбута ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуданд ва изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад.

Бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар Маҷмааи кулли СММ Соли байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро (2013) эълон кард.

Чорабиниҳои глобалии мазкур дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об, чи барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва чӣ дар таъмини сулҳу субот ва рушд саҳми шоёни худро гузоштанд.

Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд.

Тайи даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд. Тағйирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори ба вуқӯъ пайвастани офатҳои табиӣ вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд.

Танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расонида шуд. Чунин ҳолат аз мо андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои оби кишвар ва бо ин тағйиротҳо мутобиқ гардондани низоми истифодаи обро тақозо менамояд.

Бо ин мақсад мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишварро мебояд чун Пешвои оқилу доно ташаббускор бошем, нисбати ин ганҷинаи бебаҳо бетафовут набошем ва кӯшиш намоем, ки дар ҳар давру замон инсоният ба масъалаи об ва гиромӣ доштани он саъю талош намояд ва донад, ки “Об мӯъҷизаи бебаҳост”.

Мусулмони Саидмурод,  волонтёр аз ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg