![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200813_155802.jpg?itok=sFjuWcHt)
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Ҳақиқат -1 барои пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус бо аҳолӣ баргузор гардид. Дар суҳбат масъулин ба сокинон таъкид карданд, ки дар баробари баромадан аз хона ё ин ки иштирок дар ҷойҳои серодам ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисетикӣ истифода намоянд, то ин ки худ ва дигаронро аз мавҷии дуюми коронавирус эмиин нигоҳ доранд. Инчунин, дар идомаи суҳбат вобаста ба истифодаи самараноки замин, захираии молу маҳсулоти хӯрока барои ду соли оянда андешаронӣ карда, ба онҳо никобҳои тиббӣ, муроҷиатномаи ҳизбӣ , тавсияномаҳо ва маҳлулҳои антисептикӣ дастрас карда шуд.