БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” БА СОКИНОН РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ФАҲМОНИДА ШУД

ВОСЕЪ. Дар доираи Солии шинохтии бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Ибрати Ҷамоати деҳоти Тугарак вохӯрӣ бо усули  “хона ба хона”  доир намуданд.

Масъулин ба сокинон ҷиҳати риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи то ду метр аз ҳамдигар, истифодаи ниқоб ҳангоми баромадан аз хона, мунтазам истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва шустани дастон бо собун, бо истифода аз маводҳои махсуси безараргардонии манзили истиқоматӣ ва ҳавлиҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас, варақаҳои таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg