БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи амалигардонии Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” раиси ташкилоти ибтидоии “Театри вилоят”  директори Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Саидзода Отахон аз мавзеи сохтмони  бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дидан намуда, дар корҳои сохтмонӣ аз номи худ ва аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Театри вилоят” саҳмгузорӣ кард.

Боиси қайд аст, ки ҳафтаи охир дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони биноҳои маъмурии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва  Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” аъзои фаъоли ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба мавзеи сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ташриф оварда, барои ҳарчи зудтар ба истифода додани  бинои  мазкур  саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg