БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ МОЯИ ИФТИХОРИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Истиқлолият  барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлати тоҷикон ин дарахти азимро мемонад, ки бо шарофати нигоҳубини ҳамаҷониба сол ба сол ба камол расида, мустаҳкам гардидааст.

Дастовардҳои дигари даврони истиқлолият ин дар кӯтоҳтарин муҳлат барқарор намудани сохти қонститутсионӣ мебошад.

Яке аз пойдевори асосии нигоҳ доштани соҳибистиқлолии давлат ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Акнун ҳамчун кишвари  соҳибистиқлол мо мардуми Тоҷикистон  Конститутсия, марзу бум, пули миллӣ, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, забон ва маданияти худро дорем.

Таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ватани азизамон аз вартаи порашавӣ ва парокандагии миллат  наҷот ёфта, харобиҳои ҷанги бемаънӣ  аз байн бардошта шуд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат  соли 1995  пули миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

Ин  рӯйдодҳо хеле муҳим дар даврони истиқлолият маҳсуб ёфта, яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Ва ҳар сол беҳтар гардидани дараҷаи зисту зиндагии мардум худ ифодагари мусбии соҳибистиқлолият мебошад. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол аст, мо соҳиби ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ ҳастем. Истиқлолияти Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устуворро гузошт.

Эмомалӣ Раҳмон дар замоне роҳбарии Тоҷикистонро ба уҳда гирифт, ки якпорчагии Тоҷикистон зери хавфу хатар монда буд. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мақому эътибори давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо шарофати Сарвари маҳбуби кишвар пеш рафт, шуҳратёр шуд, миллати тоҷик дигарбора мақоми таърихии хешро дар ҷаҳон эҳё намуд. Акнун Истиқлолияти кишвар аз ҳисси ватандӯстии ҳар кадоми мову Шумо вобастагӣ дорад. Кӯшишҳои зиёде барои таъмини истиқлолияти озуқаворӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳадафҳои Президенти кишвар дар бораи самаранок истифода бурдани замин, дар як сол аз заминҳои обӣ гирифтани ду – се ҳосилро ба вуҷуд овард. Президенти маҳбуби мо дар ҳамса баромадҳояшон мегӯянд: « Мо соҳибватанон бояд сарҷамъу аҳлона заҳмат кашем, Ватанамонро обод созем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.

Ин аст талаботи замон, тақозои нангу номус, нишонаи соҳибистиқлолӣ ва шарти ватандорӣ.

Фикр мекунам, ки ин нуктаро ҳар як фарди огоҳ ва ватандору ватандӯст ба мағзу ҷону устухони худ дарк намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватан талош меварзад.

Воҳидзода Дилафрӯз Сафар, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg