БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қ. МИРАЛИЁН: “ИНТИХОБОТ ПУЛЕСТ МИЁНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ”

(Суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қ.А. Миралиён дар конференсияи ғайринавбатии XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон)

Аъзои раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд, баргузории конференсияи навбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон дар чунин фазои сулҳу субот, осудагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз муборак гуфта, барои иштирок ба ҳар яки шумо изҳори сипос менамоям!

Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, 6-уми августи соли 2020 маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон, даъват ба анҷумани навбатии ҲХДТ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Тибқи талаботи қонунгунзорӣ ва дастури Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, ҳамчунин, дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 10-уми августи соли 2020 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва конференсияҳои дахлдор оид ба интихоби вакилон ба конференсияи вилоятии ҳизб доир гардида, аксари вакилони пешбаришуда дар толор ҳузур доранд. Зимнан, тибқи муқаррароти оинномавӣ, зарур аст, ки дар конференсияи имрӯза вакилони вилояти Хатлон ба анҷумани 14-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, интихоб карда шаванд. Дар ин муддат тамоми расмиёт ба анҷом расонида шуда, ҳамзамон, ҳангоми интихоб синну сол, ҷинс ва сатҳи фаъолонокии вакилон ба инобат гирифта шудаанд. Ин ба мо имкон медиҳад, ки гурӯҳи салоҳиятноки вакилонро ба анҷумани навбатии ҳизб сафарбар намоем.

Ҳозирини гиромӣ, чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (соли 2019) иброз менамоянд, “интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад”.

Интихобот ҳамчун институти ҷудонопазири демократия аз шаҳрвандон фаъолнокӣ талаб намуда, пулеро мемонад, ки байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси пайвандгари марому мақсадҳо сохта шудааст ва он дар ҳолати баръакс, яъне камфаъолӣ ва камаҳамиятии шаҳрвандон ба ҳаёту фаъолияти хеш ва ҷомеа ва ё камаҳамиятӣ дар иҷрои масъулияти виҷдонӣ заиф шуда, дар ниҳоят корношоям мегардад. Чунин ҳолатро метавон дар мисоли бисёр кишварҳо баррасӣ намуд, аз ҷумла, ҳамсоякишвар – Афғонистон ё Сурия, Украина, Ироқ ва дигар, ки пас аз ба ном револютсия дигар устувории сиёсию иқтисодиро нигоҳ дошта натавониста, мавриди сӯиистифодаи қудратҳои ғайр қарор гирифтанд. Аз ин лиҳоз, барои мо – сокинони аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи вилояти Хатлон бисёр муҳим аст, ки аз гузаштаи начандон дури худ сабақ омӯхта, душманро аз дӯст фарқ карда, ба ҳар гуна найрангу дасисаҳо бовар накарда, ояндаро зери ливои пояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо роҳнамоии роҳбари он – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷоя созем. Зеро маҳз мо – насли ҳамин даври ҳаётро рисолати созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободкорӣ пеш омадааст.

Дӯстони азиз, дар ростои созандагиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон месазад, ки аз дастовардҳои он дар марҳилаи аз интихобот то интихобот, яъне аз ҳафт соли сипаришудаистода ёдовар шуд. Чунки аксари ҳадафҳои гузошташуда татбиқи босамари худро ёфта, дар маҷрои зиндагии мардум ҳамчун унсурҳои мусоидаткунанда, пешбаранда ва сабуккунандаи тарзи ҳаёт хизмат карда истодаанд.

Дар ин ҷо баъзе нишондиҳандаҳои асосӣ ва ё макроиқтисодии сатҳи ҷумҳуриро манзур менамоем, ки тасдиқкунандаи суханони боло мебошанд.

Дар давраи солҳои 2013-2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 171,1% афзоиш ёфта, ба 78 миллиард сомонӣ баробар шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 38% то 27,5% коҳиш ёфт. Музди меҳнат, ҳадди ақал аз 200 сомонӣ ва нафақа аз 105 сомонӣ мутаносибан то ба 620 сомонӣ ва 207 сомонӣ баланд гардиданд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз 17 миллиард сомонӣ то 27,7 миллиард сомонӣ ва маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ аз 9,7 миллиард сомонӣ то 27,5 миллиард сомонӣ, яъне 283% зиёд гардид ва истеҳсоли қувваи барқ бо бакордиҳии иқтидорҳои нав аз 16 миллиард то ба 20 миллиард кВт/соат расонида шуд.

Ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созанда ва ҳизби халқӣ ном гирифта, байни мардум бо ободкориҳо ва созандагиву ташаббускориҳои хеш маъруф гаштааст.

Дарвоқеъ, дар рӯзҳои сахттарин мо – ҳизбиён бо мардум ва дар байни мардум ҳастем, атрофи ҳадафи олии худ, яъне барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум муттаҳид шуда, пайваста фаъолият менамоем. Боиси зикр аст, ки дар муқовимат бо коронавирус ҳанӯз аз рӯзҳои аввали хуруҷи пандемия сохторҳои ҳизбӣ фаъолнокӣ нишон дода, бо усули хоси тарғиботӣ – низоми ҳаррӯзаи амалиёт корҳои фаҳмондадиҳиро байни сокинон хона ба хона амалӣ намуданд ва ин фаъолият ҳанӯз ҷараён дорад. Дар ин росто, тибқи натиҷаҳои шашмоҳа 192 ҳазор мулоқот баргузор карда шуда, 373 ҳазор варақаи иттилоотӣ ва 209 ҳазор ниқоб тақсим карда шуда, 3000 мавод дар шабакаи интернет интишор гардид ва 92,5 тонна маводи ғизоӣ ба аъзои оилаи табибон ва беморон дастрас карда шуд.

Ин гуна фаъолнокии ҳизбиро мо минбаъд низ идома дода, субъектҳои алоқамандро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои ҳизбӣ равона менамоем. Зимнан, сохторҳои ҳизбӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои ибтидоиро зарур аст, ки дар самти муқовимат ба зуҳуроти номатлуб ва хавфнок фаъолнокӣ нишон дода, ҳамчун ташкилотҳои ёрирасон бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ ҳамкор бошанд.

Боиси зикр аст, ки дастовардҳои сохторҳои ҳизбӣ низ дар вилояти Хатлон дар ин давраи фаъолият назаррас буда, таносуби ин муносибат ба ҳисоби миёна то 500% афзоишёбӣ рост меояд. Дар ин давра таносуби аъзои ҳизб то 216% афзоиш ёфтааст, ки ҳавасмандии зиёди шаҳрвандонро барои аъзогӣ ба ҳизб инъикос мекунад.

Ҳозирини гиромӣ, чуноне ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 16-уми феврали соли 2018 иброз намудаанд, “...бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони ҳизб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷалби соҳибкорони саховатпешаи ватанӣ ва фарзандони бонангу номуси диёр масъалаи сохта ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то охири соли 2019 пурра ҳал карда шавад”.

 

Имрӯз бо қаноатмандӣ иброз медорем, ки бо дастгирӣ ва пайгириҳои бевоситаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз масъалаҳои ҷории ҳизб ва ҳамзамон, бо мусоидати раисони шаҳру ноҳияҳо ба иҷрои ин дастури Раиси муаззами ҳизб сарбаландона расида истодаем.

Чунончи, биноҳои маъмурии ҳизб дар соли 2013-ум се ададро ташкил дода, дар соли 2020 ба 20 адад расонида мешавад, ки мутаносибан 670% афзоишёбиро ташкил медиҳад. Дар ҳамин радиф имрӯз тамоми кумитаҳои иҷроия бо нақлиёти хизматӣ таъмин гардидаанд, ки ин таносуб дар соли 2013 ба 5 адад мерасид. Ҳамчунин, иқтидори кадрии сохторҳои ҳизбӣ то 170% рушд ёфта, ҳамасола устувор шуда истодааст. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, ки асоси фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳанд, мунтазам зиёд гардида, дар таносуб ба соли 2013 бо 205% афзоишёбӣ шумораи онҳо 3 ҳазору 42 ададро ташкил додааст.

Дар умум иқдидори ташкилию техникии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мутаносибан устувор арзёбӣ гардида, барои баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ дар ҳошияи интихоботи пешомада омодагии пурраи худро изҳор медорем.

“Мо – ҳизбиён фарҳанги фаъолияти таблиғотиро, ки дарбаргирандаи унсурҳои муҳими қонунгузорӣ, демократия ва маърифати сиёсист, дар ҷомеаи худ бояд чунон татбиқ намоем, ки намунаи ибрати дигар ҳизбҳои сиёсӣ бошем”, – иброз менамоянд Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз ҷаласаҳои ҳизбӣ.

Дар воқеъ, моро мебояд бо маърифати баланди сиёсӣ ва бо назардошти принсипҳои асосии демократия, аз ҷумла, риояи пурраи муқаррароти институти интихобот тамоми захираҳои мавҷударо муттаҳид сохта, шаҳрвандонро ба фаъолнокии сиёсӣ ҷалб намуда, ин маъракаи заминасози сиёсиро – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иштироки фаъол ва бевоситаи ҳар як сокини синну соли қобили амал – интихобкунандагон, ки шумори онҳо ҳудудан ба 1,6 миллион нафар баробар аст, баргузор намоем. Бояд ёдовар шуд, ки ин чорабинии сиёсӣ хусусияти байналмилалӣ низ дорад ва моро мебояд, ба ҷаҳониён маърифатнокии баланди сиёсӣ ва ҳуқуқии худро ҳамчун миллати тамаддунофар ва соҳиби хазинаи бойи илму маърифат ва адабиёту санъат нишон дода тавонем.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо асосҳои сиёсию ҳуқуқии муносибатҳои демократиро равнақ дода, дар мисоли мактаби сулҳофарии Пешвои миллат ҳамчун намуна ва пешбаранда барои дигар халқияту миллатҳо таҷрибаҳои худро омӯзонем ва дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ чун гузаштагони худ саҳмгузор бошем.

Дар интиҳо иштироки дастаҷамъона ва фаъоли вакилони вилоятӣ дар анҷумани 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хоҳиш гардида, татбиқи саривақтии дастурҳои болозикр, аз ҷумла, фаъолнокии сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар баргузории чорабиниҳои тарғиботии алоқаманд ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо карда мешавад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg