БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАТЛОН. КОНФРОНСИ ҲХДТ БО БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз, 21-уми август, дар Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳти раёсати Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон конференсияи 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки 350 вакили конфронс, собиқадорони ҳизбу меҳнат, фаъолони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва доираи васеи хабарнигорон баргузор гардид.

Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ, Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон, Сафарзода Бахтовар, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоил Шафиев, раиси Шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон шомили ҳайати кории раёсати конфронс буданд. 

Аз шумораи умумии вакилон 111 нафар бонувон (31%), 35 нафар ҷавонони аз 18 то 30-сола (9,7%) буда, 168 нафар бори аввал интихоб шудаанд.

Аз рӯйи масъалаи якуми конференсия – омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода маърӯза карда, аз ҷумла, зикр кард, интихобот ҳамчун институти ҷудонопазири демократия аз шаҳрвандон фаъолнокӣ талаб намуда, пулеро мемонад, ки байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба сифати пайвандгари марому мақсадҳо сохта шудааст.

“Барои мо сокинони аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи вилояти Хатлон бисёр муҳим аст, ки аз гузаштаи начандон дури худ сабақ омӯхта, душманро аз дӯст фарқ карда, ба ҳар гуна найрангу дасисаҳо бовар накарда, ояндаи дурахшонро зери ливои пояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷоя созем. Зеро маҳз мо – насли ҳамин даври ҳаётро рисолати созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободкорӣ пеш омадааст.

Дар ростои созандагии ҲХДТ месазад, ки аз дастовардҳои Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи аз интихобот то интихобот ёдовар шуд.

Ҳамин тариқ, дар давраи солҳои 2013-2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 171,1% афзоиш ёфта, ба 78 миллиард сомонӣ баробар шуд. Сатҳи камбизоатӣ аз 38% то 27,5% коҳиш ёфт. Музди меҳнат, ҳадди ақал аз 200 сомонӣ ва нафақа аз 105 сомонӣ мутаносибан то ба 620 сомонӣ ва 207 сомонӣ баланд гардиданд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ аз 17 миллиард сомонӣ то 27,7 миллиард сомонӣ ва маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ аз 9,7 миллиард сомонӣ то 27,5 миллиард сомонӣ, яъне 283% зиёд гардид ва истеҳсоли қувваи барқ бо бакордиҳии иқтидорҳои нав аз 16 миллиард то ба 20 миллиард кВт/ст расонида шуд.

Ҳамин нишондиҳандаҳои хуби асосӣ ва макроиқтисодист, ки ҳизби мо ба ҳайси ҳизби созанда ва халқпарвар миёни мардум маъруфияти зиёд дорад”, – афзуд Қиёмиддин Миралиён.

Сипас, вобаста ба масъалаи болозикри конференсия, хидматҳои таърихии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ якчанд аъзои фаъоли ҳизб, ки аксаран ҷавонон буданд, суханронӣ карданд. Онҳо ихтироъкори муваффақ, омӯзгор, табиб, олим, фарҳангшинос ва сиёсатмадор муаррифӣ шуданд.

Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ, дар атрофи масъалаи дувуми конференсия – интихоби вакилон ба анҷумани 14-уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки тасмим аст, 3-юми сентябри соли ҷорӣ гузаронида шавад, андешаҳои ҷолиб ироа кард. Оид ба нақши ҳизб дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои олии дорои моҳияти миллӣ ва ҳамзамон, рисолати минбаъдаи он, аз ҷумла, гуфт, радикализм ва терроризму экстремизм, хатарҳои техногенӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ки паёмади онҳоро башарият ба нақди ҷон эҳсос мекунад, моро водор месозад, дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ низ бо роҳи маърифатандӯзиву назокатмандӣ ва албатта, худдифоӣ саҳми шоиста гузорем. Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғояҳои созандаи ҳизб пешсаф ва намунаи ибрат будан аз заруриёти дигар аст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, аз фаъолияти босамари аъзои ҳизб, афзоиши ҷонибдорони он, иштироки ҳизбиён дар ҳаёту фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии вилоят ёдовар шуд. Вай гуфт: “Кумитаҳои иҷроияи ҳизб бо шароити лозимии моддию техникӣ таъмин гардида, пайваста барои рушди имкониятҳои иттилоотӣ, бахусус истифода намудан аз технологияҳои муосир талош доранд.

Азбаски дар аксар маврид душманони миллат паҳлуи заифи ҳар як дастоварди моро меҷӯянд, фаъолони ҷомеа, аз ҷумла, аъзои ҲХДТ-ро мебояд, ки беш аз пеш фаъол бошанд, ба ҳар як сангафкании иғвоангезон вокуниши сареъ ва сазовор нишон дода, ҳамрадиф, тараққиёти кишварро боз ҳам возеҳтар муррифӣ кунанд”.

Дар идомаи конференсия ҷиҳати боло бардоштани мақоми бонувон дар ҷомеа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои Қурбон Ҳакимзода аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб бо дипломи дараҷаи 3-и нахустозмуни байнисоҳавии ҳизб ва ифтихорнома қадр карда шуд. Ин ниҳод аз ҷиҳати зиёд будани бонувони хизматчии давлатӣ дар байни 80 мақомоти давлатӣ ба ин мақом мушарраф гардид.

 Баъдан, ба кормандони фаъоли кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳӣ ва аъзои пешоҳанге, ки барнома ва ҳадафҳои ҳизбро ба таври муассир татбиқ карда истодаанд, ҳудуди 40 сипосномаи кумитаҳои иҷроияи марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супурда шуд.

Дар интиҳо вакилони конференсия аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg