А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи ХХ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо иштироки Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Саиди Ёқубзод раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, узви Кумитаи Иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ ва вакилон аз ҳамаи кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Кори Конференсияро бо суханони ифтитоҳӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, таҳти пахши садои Суруди миллӣ кушода, қайд намуд, ки конференсияи мазкур дар асоси қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ баргузор мегардад.
Дар ҷараёни баррасии кори конференсия Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Саиди Ёқубзод раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, узви Кумитаи Иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҲХДТ зимни суханронҳояшон изҳор намуданд, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими фаъолияти ҳизб ин таблиғоти ҳадафрас ба шумор меравад. Бо мақсади вусъат бахшидани фаъолияти ҳизбӣ ва расонидани ҳадафу мақсадҳои созандаи Ҳизби Халии Демократии Тоҷикистон бо дарки масъулият аъзои ҳизб корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, дар татбиқи барномаҳои ҳизб саҳми назаррас доранд. Инчунин, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҳизб дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла қайд карданд, ки дар пеш маъракаи муҳими сиёсии интихобот истодааст, ки мо бояд бо масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ ва иродаи сиёсиву ҳизбии худ омода буда, дар таҳкими давлатдории хеш саҳми босазо дошта бошем.
Баромадкунандагон нисбати таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ андешаронӣ карда, қайд намуданд , ки тарғибу татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти олии мамлакат, тарғиби идеологияи солими миллӣ, ҳимояи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккабу душвори ҷаҳони муосир ва равандҳои пуртаззоди сиёсӣ, садоқат ба миллат, Ватан ва Президенти кишвар, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаву муваффақи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати ҳар як узви ҷомеа ва ба хусус узви ҲХДТ мебошад.
Таъкид шуд, ки вусъат бахшидани суботи сиёсӣ ва таҳкими амнияти давлатдорӣ мароми ҳар як узви ҲХДТ мебошад. Мо бояд дар умури сиёсии давлат нақши созгор гузошта, маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистодаро бо масъулияти баланди сиёсии ҳизбӣ муваффақона анҷом бахшем.
Дар кори Конференсия оид ба вусъат бахшидани масъалаҳои дохилиҳизбӣ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ андешаронӣ карда шуд.
Ҳамчунон нисбати масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон низ қарори дахлдор қабул карда шуд.
Дар охири ба гирандадагони стипендияи ҳизбӣ маблағҳо ва ба як қатор омӯзгорони ҷавон,ки нав ба сафи ҲХДТ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.