БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҲИЗБӢ ФАЪОЛОН БО ИФТИХОРНОМАҲО САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кохи Хуросон  Конференсияи 18-уми ғайринавбатии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  баргузор гардид.

Дар кори Конференсия намояндаи КИМ ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор, намояндаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Раҷабзода Қурбонгул, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Хуросон ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок намуданд.

Дар Конфересия ду масъала омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор  дода шуданд.

Доир ба масъалаи якуми Конференсия  Ғуломов Саидасрор баромад намуда, 10 нафар вакилон ба Конференсияи 13-уми  ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар охир ба як қатор аъзои фаъоли ҳизб ифтихорномаҳо аз ҷониби  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg