
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ин гуфтаҳоро дар фаъолияти меҳнатии сокинони кӯчаи ба номи Мирзо Тӯраи Ҷамоати шаҳраки Ховалинг, ки дар замини наздиҳавлигиашон тамоми маҳсулотро кишт намуда, ҳоло аз самараи меҳнати худ дар рӯзгорашон истифода менамояд, дар чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” мушоҳида намуданд. Соҳибхонаҳо аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, дар баъзе заминҳои наздиҳавлигӣ соҳибхонаҳо ба кишти такрорӣ оғоз кардаанд.
Ҳангоми суҳбат заминистифодабарандагон қайд намуданд, ки алҳол аз маҳсули меҳнати худ истифода намуда, маблағи сарфамешударо барои иҷрои дигар талаботҳои рӯзгор сарф менамоем.