МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бо иштироки 148 нафар вакилон Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Дар кори Конференсия намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳусейнова Сайёра ва муовини раиси ноҳия Шарифзода Лутфия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конференсия масъалаи омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.