ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Исмоили Сомонӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.
Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ атрофи бо омодагии ҷиддӣ ворид шудан ба маъракаи муҳими сиёӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сахш гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бо исттифода аз заминҳои дарихтиёрдошта, пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус суҳбат карда, афзуданд, ки дар ин давра набояд мо бепарвогию беаҳамиятӣ зоҳир намоем, баръакс бо амалҳои созанда барои пешрафту тараққиёти Ватани азизамон бештар заҳмат кашем, то ин ки аз ин дида ба зиндагии босаодат ноил гардем.