БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллат

МУЪМИНОБОД. Дар деҳаи Боғи Ҳабиби ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо ҷавонон ва фаъолони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Рамазон Ҳайдаров  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар маҷлис самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзоиш додани сафи ҳизб, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона ва аз ин ҳисоб баланд бардоштани рӯзгори мардум, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасонии малбағи он, самараноку сарфаркорона истифода бурдани обу замин, дар доираи қонуни танзим баргузор кардани тӯю маъракаҳо, ҳифзи  арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ баррасӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg