ВОКУНИШ. Пӯшида нест, ки дар давоми солҳои 90-уми асри гузашта баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳҳои ҷудоихоҳ бо сармоягузорони хориҷӣ мехостанд афзалияти миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро тасарруф ва нест намоянд. Шарикии сармоягузорони хориҷиро аксаран намояндагон ва аъзову саркардагони собиқ ҳизби мамнӯъгаштаи “Наҳзати исломӣ” –и Тоҷикистон буданд, сӯистифода аз манфиатҳои шахсӣ ва аз боварию эътимодӣ мардум дар эҳтиром ва ба ҷо овардани суннатҳои хоси дини мубини ислом, ҳамдастӣ ва лагандбардорӣ менамуданд. Дар ин раванд бо амалҳои бадхоҳона ба шаъни миллату давлат бо мақсади аз байн бурдани фарҳангу асолати ниёгон ва аз ҳама амали нобахшиданӣ ва хиёнаткорона дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин афрод ин аст, ки баръакси маънӣ фаҳмонидани гуфтаҳои Худову Расул ва саҳобагони он мебошад.
“Мо бояд Аркони шариатро ба ҷо орем ва давлати исломӣ бунёд созем” зери ҳамин гуна шиорҳои ба қавли худашон “Холисона” майдоншинӣ намуда, дар ин радиф барои пешравии тафаккури динию дунявии мардум, алалхусус ҷавонон монеаҳои зеҳнӣ ба миён оварданд. Ва дар паёмади ин амалҳо мардуми гумроҳу сарсонро ба вартаи нобудӣ ва гирдоби ҷаҳолату ҷинояткориҳои сангин кашида, худашон чун шағолони зарбахӯрдаи таёқи чӯпон дум зери по роҳи гурезро пеш гирифтанд.
Пас ин афрод бояд ба чанд посух ҷавоб гӯянд?
Нолаву фиғонҳои модарони фарзандгумкарда, занони бесарпаноҳмонда, кӯдакони ятимонда, қатлу ғорати мардуми бегуноҳ, аз Ватан бе Ватан сохтани мардум, зиндаҷудоии модару фарзанд, дар пеши назари модару падар ба қатл расонидани фарзанд...магар ин аст Аркони шариат? Ё таъмини зиндагии шоистаи мардум, пойдории сулҳу ваҳдат, назик будан бо мардуму саховатпешагиро шиори мардум сохтан, доштани лутфу марҳамат бар ниёзмандон, тарбияи дурусти ахлоқӣ, бунёдкорию созандагӣ ва амсоли ҳаминҳо...зери ана ҳамин ду мафҳумҳои болозикр мо бояд хулосаронӣ намуда, бо шукургузорӣ дар фазои Истиқлолияти давлатӣ чун мурғакони хушилҳом зери парвози муҳаббат бошем.
Сад шукр бар ҷониби Ҳақ, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бар мо неъматҳо афзун намуд ва Пешвои муаззамро роҳбару роҳнамо ҳадя сохт. Пас мебояд мо бо шукргузорӣ даст ба дасти ҳам дода, муттаҳид бошем ва ба қадри неъматҳои Истиқлолият бирасем.
Мусулмони Саидмурод, волонтёр аз ноҳияи Ёвон