ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ вобаста ба пешгирӣ аз ҳама намуд касалиҳои сироятӣ, алалхусус КОВИД – 19, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифи деҳаи Хуррамзамин миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо сокинон дастур дода шуд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода бурда, бе зарурат гаштугузор нанамоед.