БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН АЗ ҲОЛАТИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДИДАН НАМУДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ корҳои таблиғотиро дар самти муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода намудани заминҳои корам бо сокинони деҳаи Қайнари Ҷамоат деҳоти ба номи М.Вайсов роҳандозӣ намуданд.

Мулоқоту вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда шуда, кормандони ҳизбӣ мардумро ба амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятӣ, аз қабили тоза кардану безаррар гардонидани хонаҳои истиқоматӣ, истифодаи ниқобҳои яккаратаи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ даъват карданд.

Ҳамчунин, масъулин аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуда, ба онҳо оид ба рӯёнидани ҳосили баланд маслиҳатҳо доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg