
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Алишер АСК” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия қайд карданд, ки эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.
Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.