
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ободу зебо гардидани ҳар гӯшаи Ватани азизамон дар маркази Ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Сокинони ноҳияи Шаҳритуз азм доранд, ки бештар дар корҳои созандагӣ бо истифода аз фазои сулҳу ороми кишвар баҳри боз ҳам шукуфонтар шудани як гӯшаи Ватани азизамон, ки барои ҳар яки мо вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб меравад, саҳми арзанда гузоранд.