
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Андозчиён» вохӯрӣ анҷом доданд.
Масъулин баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳуҷҷатгузории ташкилот ва азназаргузаронии аъзои сифатии ҳизб ба мутасаддиёни ташкилот маслиҳатҳои муфид доданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ бо масъулин ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои пешазинтихоботӣ ва омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.