
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Ватан”-и Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири бунгоҳи саломатии деҳаи Ватан Ҳоҷибоева Умринисо бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ супорида шуд. Инчунин, ба аҳолии маҳалла оид ба оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ тавсияҳо дода шуд.