
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо кормандони бахши фарҳанг ва муҳассилини мактаби санъати бачагонаи назди бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур ҳизбиён ба иштирокчиён бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо коронавирус ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас намуда, барои беҳдошти саломатии онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.