БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа мешуморад

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО”-и минтақа бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО”-и минтақа, директори Маркази вилоятии мубориза бар зидди “ВНМО”-и дар минтақаи Кӯлоб Туманов Тоир иштирок ва баромад намуданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояҳои миллии “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳамаи мо” саъю талош менамояд чунин қайд дошт дар баромади худ Фирӯзи Саидмӯъмин.

Дар ҳамин радиф Туманов Тоир баромад намуда, гуфт, ки пеш аз ҳама мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ бо дарки масъулияти баланд тамоми нерӯ ва имконоти худро ба ҳифзи фазои солими сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва устувории пояҳои истиқлолияту Ваҳдати миллӣ равона месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg