ҚУБОДИЁН. Дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун барномаи мукаммали рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар маънидод карда мешавад, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҷамъомад доир гардид.
Гурӯҳи таблиғотӣ дар назди ҷамъомадагон инчунин, оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан намуда, даъват бар он намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Пешвои миллат месазад ҳар яки фарди ҷомеа саҳмгузор бошад.
Баъдан масъулин дар бораи пайдоиш ва моҳияти пайдоиши терроризму экстремизм маълумот дода, иброз доштанд, ки дар ҷомеаи имрӯза масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст. Ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ дар навбати аввал бештар бо ҷавононе, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, истифода бурда, бо ғаразҳои нопок ба доми худ мекашанд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст зиракиву ҳушёриро аз даст надода, нагузоранд, ки фирефтаи чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шаванд.