
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кмитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинии ҳизбӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, рафти коргузорӣ, муқоисакунонии аъзои ХХДТ, обунашавӣ ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Ҳамрози халқ” ва “Минбари халқ” ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ баррасӣ карда шуданд.
Зимни суҳбат масъулин вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».
Дар доираи Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бошад, бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии “Зарзамин” барои таъмири ҷории қасри фарҳанги ноҳия масолеҳи сохтмонӣ кумак карда шуд.