БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ТАЪМИНИ РӮЗГОРИ ОСОИШТА АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳиро  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ,  хоҷагиҳои деҳқонӣ, кишти такрорӣ ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемории  коронавирусро    тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   миёни  сокинони  деҳаи  Наврӯзи Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза   баргузор  намуданд.

Намояндагони ҳизбӣ зимни ибрози андеша доир ба  истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои кишти  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  тибқи  дастуру  супоришҳои Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  вобаста ба вазъи   кунунии   ҷаҳони  муосир  ва ташкили  кишти  такрории зироатҳои  кишоварзӣ  суханронӣ карда, ҳамагонро даъват намуданд, ки меҳнату заҳмат дар замин барои  ҳар як шаҳрванд  дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гаштани  буҷаи оила мусоидат менамояд ва моро зарур аст баҳри иҷрои  ин масъалаи муҳим  талош варзида, зиндагии худ ва дигаронро бо  молу маҳсулоти кишоварзӣ таъмин созем.

Инчунин, дар идома бо  мақсади  расонидани  кумак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи  безараргардонии маҳлули гипохлориди  калсий ва 150  адад  ниқобҳори муҳофизатӣ  дастраси  сокинон  карда шуд.

                                                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg