
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешгирии хатари мавҷи дуюми бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро бо усули «хона ба хона», ҳамчунин истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои ду соли оянда дар маҳаллаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол баргузор намуданд.
Гурӯҳи корӣ дар суҳбат оид ба мавҷи дуюми коронавирус ва захираи молу маҳсулоти кишоварзӣ барои фасли зимистон ва саҳм гузоштан дар маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳар як шаҳрванди худогоҳу бедордил масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо мекунад, андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд, бо меҳнати софдилона барои таъмини амнияти озуқаворӣ, иштиироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ ва маъракаи муҳими сиёсӣ ҳиссагузорӣ намоянд. Сипас, ба шаҳрвандон барои иҷро 180 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 120 дона ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуд.