![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200805_094841.jpg?itok=FNovtXdp)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо хуруҷи навбатии бемории сироятӣ, аз ҷумла короновирус ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари вируси мазкур дар пурқудраттарин кишварҳои дунё хеле зиёд ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ба мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони деҳаи 44-Чашма мулоқот баргузор намуданд.
Кормандони Кумитаи иҷроия ба ҳозирин оид ба пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ ҳарф зада, қайд намуданд, ки саломатии мо дар дасти худи мост, барои ин пеш аз ҳама ба қоидаҳои беҳдошти оила, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собун ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоем. Ҳамчунин дар доираи вохӯриҳо ба ҳозирин фаҳмониданд, ки коронавирус табобатшаванда аст ва ягон нафар бояд ба таҳлука наафтода, ба риояи гигиенаи оилавӣ аҳамияти ҷиддӣ бидиҳем. Дар охир ба иштирокчиёни варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.