БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС АСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг таҳти роҳбарии мутахассиси шуъби ташкилии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг  Ш. Набиев бо роҳандозии Аксияи таблиғотии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Лойобаи  Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо бештар аз 87 нафар сокинони  манзилҳои истиқоматӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат доир гардид. Дар суҳбат таъкид карда шуд, ки роҳи осон ва бе хароҷоти пешгирӣ аз бемории коронавирус риояи гигиенаи шахсӣ, безарурат набаромадан ба кӯча ва дода нашудан ба воҳима ва дигар суханҳои воҳимаангез мебошад.

Дар вохӯриҳо ҳамчунин зарурат ва аҳамияти истифодаи самараноки замин дар  шароити буҳронӣ ба ҳар як соҳибхона ба таври возеҳ фаҳмонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg