ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Конференсияи 23- юми ҲХДТ дар ноҳия дар Маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 баргузор гардид.
Дар кори Конференсия узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҳмонзода Зоир, Роҳбари дасгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, собиқадорони ҳизб иштирок доштанд.
Конференсия таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода баргузор гардид.
Конференсия 2 масъаларо омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлонро баррасӣ намуда, аз рӯи масъалаи якуми пешниҳодшуда раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода баромад кард.
Сипас, вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шумораи 14 нафар интихоб гардида, узви КИМ ҲХДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир баромад карда, вазифаҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии онро дар давраи интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд.
Конференсияи 23-юми ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз рӯи масъалаҳои пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.