БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ “ХОНА БА ХОНА” БА СОКИНОН ТААССУРОТИ НЕК БАХШИД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бархурдор намудани сокинон аз мавҷи дуюми  бемории сироятии коронавирус  ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар деҳаи Давлатшоёни Ҷамоати деҳоти Кангурт бо усули “хона ба хона” мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Зимни мулоқот, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид  дар бораи ҷалби сокинон ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ дар  ҳар  сотиқи  замин,  вусъати  корҳои бунёдкорию созандагӣ  бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтиёран сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ибрози  сухан  намуда, таъкид дошт, ки  дар татбиқи  масъалаҳои  муҳим  ҳар яки мо  бояд  масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошем ва бо амалҳои созанда дар пешрафту  рушду куфоии Ватан заррае ҳам бошад саҳмгузор бошем. Дар анҷоми суҳбат ба  иштирокчиён  муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, варақаҳои иттилоотии истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ ва китоби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg