МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Миёни ҷавонон ва фаъолони ноҳияи Муъминобод бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод мулоқоти озод доир гардид.
Дар рафти мулоқот масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавирус, истифодаи оқилонаи замин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна равияҳои тундгаро, хурофотпарастиву бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби матонату шуҷоату мароданагӣ ва омодагӣ ба интихоботи дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки таҳти шиори барои таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд, раҳнамоӣ карданд.