КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохтии бештари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи XXIV ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. То оғози Конференсия дар толор тавассути проэктор сабти наворҳо аз рафти суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши вакилон карда шуд.
Дар кори Конференсия роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, 225 нафар вакилон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайати раёсат, котибот, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конеференсия ҳусни оғоз бахшиданд.
Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои омодагии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи XIII ҲХДТ дар вилояти вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуд.
Аз рӯи масъалаи якум муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки моро дар пеш маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки бо масъулияти баланди ташкилию сиёсӣ ва бо омодагии ҷиддӣ вориди интихоб гардида, кӯшиш намоем, ки ин маъракаи таърихиро сарбаландона доир намоем.
Аз рӯи банди 2-юми рӯзнома барои иштирок дар Конференсияи ХIII ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб низ вакилон иборат аз 22 нафар интихоб гардиданд.
Инчунин, барои кордониву ташаббускорӣ, дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанашон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу бо Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.
Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия баррасӣ карда шуданд, ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои тарғиботӣ дар барои омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.