БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ҲОКИМИЯТИ ХАЛҚ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хонишҳои сиёсӣ идома ёфта истодааст. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "И.Сомонӣ" бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунавараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Сабуров Пирмурод доир гардид.

Аз тарафи масъулон қайд гардид, ки моро дар пеш маъракаи бузурги сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор аст. Зеро ба интихоботи мазкур таваҷҷуҳи мардуми кишвар ва ҷомеаи байналмилалӣ нигаронида мешавад, ки дар кадом сатҳ онро доир менамоем. Интихобот ҳамчун ифодаи олии ҳокимияти халқ, раванди муҳимми сиёсиест, ки аз натиҷаҳои он пешрафти рушди минбаъдаи давлати мо сахт вобаста аст.

Дар охир изҳори умед гардид, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ тамоми нерӯи тавонои худро барои дар сатҳи баланд баргузор шудани интихобот равона месозанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg