БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми декабри соли 1992 дар нахустсавганди хеш ба халқи шарифи Тоҷикистон изҳор намуда буданд: «…тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила баҳри барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам».

Бояд эътироф кард, ки ҷустуҷӯи роҳу усули баҳамоии тоҷикон на ин ки як солу ду сол, балки беш аз се сол идома ёфт ва муроҷиатномаҳои пайгиронаи Президенти кишвар барои амалӣ гардонидани ормонҳои он ҳиссаи босазо гузоштанд.

Дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ масъалаи муҳим ин ҳувияти миллати тоҷик буд, ки бояд дар атрофи идеяи Ваҳдати миллӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистон новобаста аз миллат, нажод, мансубияти динӣ муттаҳид мегаштанд. Ин кори басо мушкил буд, чунки қувваҳои иртиҷоӣ инро намехостанд ва ҳадаф доштанд, ки сарзамини Тоҷикистон ба театри амалиётҳои ҷангии бардавом, хариду фурӯши маводи мухаддир, силоҳ табдил ёбад. “Ба мардуми оддӣ фаҳмондан лозим буд, ки ин ҷанги таҳмилӣ аст ва ба давлатҳои тозаистиқлол таҳрезӣ шудааст, мардум меҳфаҳмад, қувваҳо силоҳро супорида, ба кори осоишта гузаштан лозим, фақат бо мардум кор кардан лозим аст” таъкид менамуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Маҳз ҳамин мардумсолорӣ буд, ки халқ ба сӯи сулҳу ободӣ раҳсипор гаштанд.

Ин идеяи ҷавонмардона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Аввалан ин ба халқи меҳнаткаш, дуюм ба ҷавонон ва сеюм ба занону бонувон такя намуда, қувваи бузурги ваҳдатофарро ташаккул дод. Ба мухолифатҳои зиёд нигоҳ накарда, Пешвои миллат 25 январи соли 1995 дар мактубаш ба СММ иброз доштанд, ки «Ман ва Ҳукумати Тоҷикистон омода ҳастем, ки бидуни шартҳои иловагӣ ба Созишнома бо мухолифин имзо намоем». Чунин рафторро ягон роҳбари давлатҳои ҷангзада ба уҳда нагирифтааст. Ин падидаи нав дар роҳи эъмори сулҳ буд.

Бори аввал дар моҳи апрели соли 1994 бо мақсади оштии миллӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа, гуфтушуниди байни тоҷикон – ҳукумат ва нерӯҳои мухолифин оғоз ёфт. Музокирот рӯзҳои 5 то 19 апрели соли 1994 сар шуда, 8 давраро фаро гирифт. Баъди 21 вохӯриву музокироти 4 сола, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрону Кобул, Бишкеку Ишқобод ва дигар ҷойҳо доир гардиданд, оқибат давраи ниҳоят ва ҳалкунанда дар пойтахти Федератсияи Русия - шаҳри Маскав баргузор шуд.

Дар рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Сарвари давлат ба ҳамватанон муроҷиат намуд: «Бо дарназардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) мардуми шарифи тоҷик бо нафаси озод ҳамдигарро бародарвор ба оғӯши гарм гирифтанд. Зеро тайи солиёни зиёд эшон он қадар хисорот, нофаҳмиҳо ва мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд, ки ҳаддашон беандоза буда, тасвири онҳо танҳо ба гуфтан осон аст.

Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми сокинони мамлакат, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.

Зулфов Муҳаммадҷон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg