БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ XIV ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУЗ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритуз Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз аз рӯи ду масъала омодагии ташкилотҳои ибтидоӣ ба интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Конференсияи XIII ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  Ҳамидиён  Илҳомҷон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Бобоев Беҳруз, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва нохиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Зимнан конфренесияи мазкурро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҳусни оғоз бахшида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома баромад намуд. Инчунин, дигар баромадкунандагон низ вобаста ба  омодагь ба интихоботи  дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ  карда, бо дастгирии  ҷамъомадагон вакилон ба Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон  пешниҳод  гардиданд.  Дар охир  доир ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg